27 майи соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамзамон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо Раиси Парлумони Гурҷистон Иракли Кобахидзе суратпазир гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумониро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо аз рушди мусбии динамикаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ёдовар шуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Гурҷистон, зарурати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ иброз доштанд.
Роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.