27 майи соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамзамон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Давид Залкалиани баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои ду кишвар ёдовар шуда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, ва гуманитрӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатию металлургӣ ва афзоиш додани ҳамлу нақли транзитии борҳои Тоҷикистон тавассути Гурҷистон изҳор омодагӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба тақвияти муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромилию муташаккил, мусоидат ба раванди таҳкими амнияту субот дар минтақа ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.