29 майи соли 2019 дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Олимзода Сӯҳроб бо донишҷӯёни фаъоли тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Бишкек таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар бораи рушди Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ маълумот дод. Ҳамзамон аз дастгириву ғамхорҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати омӯзиш ва рушди минбаъдаи сиёсати ҷавонон таъкид карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷухи ҷавонони тоҷик муҳокима шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Бишкек бо ташаббуси ҷавонони фаъол Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ворисони Рӯдакӣ» таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии он муттаҳид намудани донишҷӯён ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мебошад.