24 май дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла вазъи соҳаи кишоварзиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба роҳбарону масъулон доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бартараф кардани камбудиҳо вазифаҳои мушаххас доданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст масъалаи татбиқи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020-ро натиҷагирӣ намуда, истифодаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаҳои афзалиятнок, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, зиёд кардани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содироти он, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки аз руи таҳлилҳо бо вуҷуди дастовардҳои солҳои охир, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он имконият ва иқтидорҳои худро то ба имрӯз ба таври пурра истифода накардаанд. Дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон амалӣ намудани 279 лоиҳа пешбинӣ шудааст, вале то имрӯз дар 172 лоиҳа иҷрои корҳо таъмин нагардидааст.
Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории бандҳои иҷронагардидаи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба иҷрои онҳо то охири соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Ёвон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Вахш, Носири Хусрав, Кӯшониён ва Қубодиён ва дигарон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи иҷрои босифати нақшаи даромади буҷет дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармояи мустақим, воридоти технологияи муосир, рушди раванди саноатикунонии мамлакат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, истифодаи самараноки замин, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат, рушди корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ташаббускорӣ барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, андешаронӣ карда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, риояи қонунҳои амалкунанда, пешгирии қонунвайронкуниҳо, дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандон дастуру супоришҳо доданд.