21 июни 2019 дар Бейрут мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири сайёҳии Ҷумҳурии Лубнон Аведис Гуиданиён баргузор гардид.
Дар он мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯст дар соҳаи сайёҳӣ ва табодули таҷриба дар ин замина мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.