20 июни 2019 дар доираи сафари корӣ ба Бейрут мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Роҳбари Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Лубнон Пиерре Барреа ва Ҳамоҳангсози созмони мазкур Ҷоанна Ловерҷин баргузор гардид.
Дар он мулоқот масъалаҳои ба Ватан баргардондани занон ва кӯдакони тоҷик аз Сурия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.