26 июни соли равон мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо роҳбари Гурӯҳи байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон, вакили Бундестаг Манфред Грунд баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон мубодилаи афкори судманд анҷом дода, стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказиро нишонaи таваҷҷуҳи ин созмон нисбати минтақа арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобила бо фондҳои мухталифи Олмонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар бобати таъсиси ҳукумати электронӣ ва ба вуҷуд овардани абзорҳои беҳтари муошират бо аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуданд.