Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Анҷумани чинии рушди истеҳсолот дар хориҷа

02.07.2019 14:29

28 июни 2019 дар Пекин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Дабири кулли Анҷумани чинии рушди истеҳсолот дар хориҷа Хе Зенвэй мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҷалби ширкатҳои чинӣ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати иштироки ширкатҳои чинӣ дар раванди саноаткунонии босуръат, рушди зерсохтори соҳаи сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои рушди иқтисоди миллӣ, ба роҳ мондани иртибот байни Анҷумани мазкур ва ниҳодҳои дахлдори  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1.jpg

 

Нигористон

Тақвим