2 июли 2019 дар Деҳлӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Гитеш Шарма мулоқот намуд.
Дар он мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳу муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карданд.