2 июли 2019 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Покистон Умар Аюб Хон, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон ба Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
Зимни суҳбат самтҳои асосии ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф, ки ҷавобгӯи манофеи ду кишвар ва рушди тамоми минтақа мебошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.