Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сарпарасти вазорати молия ва Мушовири аршади Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

03.07.2019 17:28

3 июли соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сарпарасти вазорати молия ва Мушовири аршади Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмиро, ки барои иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишвари мо омадааст, ба ҳузур пазируфт. 

Дар вохӯрӣ атрофи масъалаҳои ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат, илму маориф, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт. 

S7A4700.jpg

 

Нигористон

Тақвим