3 июли 2019 дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлоси навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) дар мавзӯи “Чораҳои таҳкими эътимод ва амният дар Осиёи Марказӣ: нақши Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар амнияти минтақа” баргузор гардид.
Бо даъвати раёсати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур ба сифати суханварони калидӣ намояндагони Котиботи Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё таҳти роҳбарии Мудири иҷроияи ин ниҳод Ҳабибулло Мирзозода гузоришҳо ироа карданд. Зимни суханронӣ дар иҷлос Ҳ. Мирзозода ҳайатҳои кишварҳои иштироккунандаи САҲА-ро бо ҳадафу вазифаҳои МҲТБО ва раванади татбиқи Феҳристи чораҳои эътимод аз ҷониби кишварҳои узви ин Муколама шинос кард.
Яке аз бандҳои муҳимми гузориши Ҳ. Мирзозода ба натиҷаҳои саммити панҷуми МҲТБО, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –Душанбе таҳти шиори “Бо назари нек ба сӯи амният ва шукуфоии бештари минтақаи МҲТБО” баргузор гардид, бахшида шуда буд. Таъкид гардид, ки саммити Душанбе ҳамкориҳои кишварҳои узви МҲТБО-ро ба сатҳи сифатан баландтар баровард.
Зимни муҳокимарониҳои умумӣ ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунандаи САҲА роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба чораҳои таҳкими эътимод ва амният дар минтақаи САҲА бар пояи муққарароти Санади Вена ва Кодекси рафтори САҲА мубодилаи афкор намуданд. Тазаккур дода шуд, ки равиши таҳия ва татбиқи чораҳои эътимод дар доираи МҲТБО аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти FSC шабоҳат дорад
Иҷлоси мазкур нахустин иқдом аз силсилаиҷлосҳои FSC таҳти Раёсати Тоҷикистон дар моҳи июл роҷеъ ба масъалаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ миёни созмонҳои минтақавӣ ва САҲА дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.