Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Россия дар масъалаҳои Афғонистон

04.07.2019 15:11

4 июли соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи махсуси Президенти Россия дар масъалаҳои Афғонистон, Сардори Департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Замир Кобуловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии байнивазоратӣ дар масоили ҳамкории муштарак дар самти Афғонистон ба кишвари мо омадааст, ба ҳузур пазируфт. 

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳо дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

S7A4750.jpg

 

Нигористон

Тақвим