Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар риштаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

08.07.2019 13:21

 Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад. Аз соли 1993 бо оғози фаъолияти Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сар карда, ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ шурӯъ шуд.

Созмони мазкур дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории байналмилалӣ дар ҷаҳон пешсаф буда, дар тамоми манотиқи олам тавассути шабакаҳои васеи дафтарҳои саҳроӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст. Ҳадафи асосии UNODC дар Осиёи Марказӣ таҳкими зарфияти кормандони зиддимухаддиротии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, расонидани кӯмаки техникӣ, татбиқ ва маблағгузории барномаҳои миллӣ дар ин самт, инчунин таҳлили амалиётҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳкиму ҳифзи сарҳадот ба мақсади пешгирии қочоқи маводи нашъаовар ва моддаҳои психоактивии нав мебошад.

UNODC дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву тарҳҳои худро роҳандозӣ менамояд, ки ҳамаи онҳо ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психоактивии нав, прекурсорҳои онҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ ва қочоқи одамон, табобати нашъамандон, таъмини шароити мусоид барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, назорати ҳамлу нақли контейнерҳо, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими зарфияти кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва расонидани кӯмаки техникӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд.

Созмони мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаву лоиҳаҳоро, аз қабили лоиҳаи “Таҳкими назорати хатти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон”, лоиҳаи “Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – марҳилаи II”, Барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2015-2019), Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва ғайраро амалӣ менамояд.

Намояндагони кишвар дар ҳама чорабиниҳои ин созмон, аз ҷумла вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ, семинару тренингҳо ва амалиётҳо пайваста фаъолона иштирок менамоянд. Яке аз чорабиниҳое, ки ҳамасола Вазорати корҳои хориҷӣ муштаракан бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC баргузор менамояд, муаррифии Шарҳи вазъи маводи мухаддир тайи ҳар соли сипаришуда мебошад. Дар чорабинии мазкур Роҳбари минтақавии UNODC дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал низ одатан иштирок менамояд.

Роҳбарии Дафтари барномавии UNODC-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Амелия Ҳаннафорд ба ӯҳда дорад.

 


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим