Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар умури ҳифзи паноҳандагон ва муҳоҷирон

08.07.2019 12:38

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) соли 1993 бо даъвати Ҳукумати кишвар аз ин ниҳоди СММ барои боз намудани Дафтари Намояндагӣ ҷиҳати мусоидат ба баргузории чорабиниҳои марбут ба расонидани кумак ба ашхоси гуреза ва гурезаҳои дохилӣ шурӯъ шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин шуда ба Конвенсияи соли 1951 ва Протоколи соли 1967 оид ба мақоми гурезагон пайваста, ба рушди низоми миллии додани паноҳгоҳ оғоз намуд. Дар ин робита, UNHCR аз рӯзи аввали фаъолият дар Тоҷикистон бо Ҳукумат ҷиҳати таъсиси низоми боэътимоди додани паноҳгоҳ ва ҳифзу расонидани кумак ба гурезагон ва ашхосе, ки дар Тоҷикистон паноҳгоҳ меҷӯянд, ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Заминаи ҳуқуқии фаъолияти Намояндагии UNHCR дар Тоҷикистонро Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни UNHCR ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2002 имзо шудааст, ташкил медиҳад.

Созмони байналмилалии муҳоҷират ҳамчун созмони байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷират соли 1951 таъсис ёфта, дар ҳамкории зич бо шарикон-созмонҳои ҳукуматӣ, байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ фаъолияти худро пеш мебарад. Созмони мазкур дар таъмини раванди мудирияти башардӯстона ва муназзами муҳоҷират ва расонидани кумак ба муҳоҷирони ниёзманд, инчунин ҷустуҷӯйи ҳалли воқеии мушкилиҳо дар ин соҳа мусоидат менамояд.

Соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар IOM узвиятро ба даст овард ва худи ҳамон сол миёни Ҳукумати кишвар ва ин ниҳоди СММ созишнома оид ба ҳамкорӣ имзо шуд.


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим