Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар самти иқтисодӣ ва гуманитарӣ

08.07.2019 12:43

Татбиқи ҷанбаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамкории СММ бо Ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тавассути Намояндагии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон сурат мегирад. Намояндагии БРСММ моҳи декабри соли 1993 таъсис дода шуда, ҳамон сол Созишномаи кишварӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва БРСММ, ки барои фаъолияти созмон асоси ҳуқуқӣ бунёд намуд, ба имзо расид. Дар ибтидо Созишномаи сиғавӣ барои давраи солҳои 1999-2000 тасдиқ шуда буд, пас аз он то охири соли 2004 тамдид шуд, баъдан марҳилаи гузаштаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону БРСММ бо Барномаи нави кишварии БРСММ барои солҳои 2005-2009 муайян шуд, ки ҷузви асосии Консепсия оид ба расонидани кумак дар рушди Тоҷикистон буд.

Дар он марҳила ҳамкории Барномаи сиғавии СММ оид ба расонидани кумак баҳри рушд (UNDAF) барои солҳои 2010-2015 ва Нақшаи амали Барномаи кишварии БРСММ (CPAP) барои солҳои 2010-2015 амал карданд, ки 16 декабри соли 2009 имзо шуданд.

Воқеан, дар ҳама зинаҳо масъулияти БРСММ ва дигар сохторҳои СММ эҳсос карда мешавад, ки барои ноил шудан ба афзалиятҳои стратегии асосии кишвар равона карда шудааст. Ин афзалиятҳо дар ду санади муҳими аз ҷониби СММ ва БРСММ қабулшуда инъикос ёфтаанд, ки Барномаи чаҳорчўбаи СММ оид ба рушд барои солҳои 2016-2020 (UNDAF) ва Барномаи мамлакатии (кишварии) БРССМ барои солҳои 2016-2020 мебошанд. Барномаи UNDAF барои солҳои 2016-2020 дар чаҳор самти стратегӣ гурўҳбандӣ шудааст. Ҳадафи асосии барнома ба даст овардани сатҳи баланди рушди иҷтимоиву иқтисодии мардуми кишвар мебошад. Дар асоси стратегияи мазкур пешниҳодоти зайл пешбинӣ шудааст: тағйирот дар сохтори иҷтимоии кишвар ба манфиати табақаи миёна, паст кардани тафовути иқтисодии аҳолӣ, ба роҳ мондани рушди инноватсионӣ дар асоси рушди муосири илмию техникӣ, дуруст ба роҳ мондани таъминоти захираҳои энергетикии кишвар дар дохил ва беруни кишвар, таъсиси шабакаи васеи нақлиёт, аз ҷумла рушди долони нақлиётӣ байни минтақаҳо, рушди фазоии Тоҷикистон дар асоси ташаккули марказҳои минтақавӣ ва паст кардани нобаробарии минтақавӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди инсонӣ ва ғайра.

Ҳамзамон, БРСММ дар таҳкими иқтидору захираҳо ва васеъ намудани имкониятҳои кишвар бобати ноил шудан ба ҳадафҳои рушд дар доираи ўҳдадориҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ба монанди Эъломия оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, инчунин Стратегияи миллии рушди ҶТ ва барномаҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши арзанда дорад.

Аз соли 2016 то инҷониб роҳбарии Дафтари БРСММ дар Тоҷикистонро хонум Пратибха Меҳта ба ӯҳда дорад.


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим