Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи кӯдакон

08.07.2019 14:49

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) дар доираи татбиқи як қатор барномаҳои гуногунсамта, аз ҷумла ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстонаи созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, таҳкими саломатии модару кӯдак, ба мисли барномаи солимии репродуктивӣ, барномаи пешгирии бемории вараҷа, назорати сил ва HIV/AIDS, бемориҳои ғайримуқаррарӣ ва саломатии равонӣ, ғизо, амнияти озуқаворӣ, инчунин омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ба роҳ мондааст. Барои амалӣ намудани барномаҳои зикршуда Намояндагии WHO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари кишварии WHO дар Тоҷикистон хонум Марта Эверад мебошад.

Ҳамкории кишвар бо Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) шурӯъ аз соли соли 1993 бо таъсиси Намояндагии он ниҳод дар Тоҷикистон ва имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNICEF оғоз ёфтааст. Дар доираи барномаҳои мухталиф дар самтҳои нигоҳубини модару кӯдак, таҳсилоти асосии босифат барои ҳама, солимӣ ва иштироки ҷавонон,  ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак тайи солҳои 2005-2009 масъалаҳои муҳим, аз ҷумла афзалиятҳои миллӣ, ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, ба монанди саҳмгузорӣ дар Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ), Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инчунин авлавиятҳои Ҳукумат ва UNICEF то як андоза ҳалли худро ёфтанд.

Барномаҳои ояндаи UNICEF амалисозии чорабиниҳоро дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти асосӣ ва тавсеаи имкониятҳои онҳо барои амалисозии пурраи нерӯи онҳо бо диққати махсус ба гурӯҳи кӯдакони осебпазир идома хоҳанд дод.

Айни ҳол Роҳбари Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестини мебошад.

 

 


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим