Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Навобод оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз кормандони Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт дар собиқ бинои беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳия кору фаъолият менамуданд, зеро бинои қаблии Ҷамоати шаҳрак бинобар фарсуда гардиданаш дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
Мушкилоти мавҷударо ба инобат гирифта, бо дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба бунёди бинои нав асос гузошта шуд.
Зимни муаррифии лоиҳаи нави бино ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти сохташаванда аз ду ошёна, 9 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 200 ҷойи нишаст иборат мебошад.
Арзиши лоиҳавии бинои Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт 2 миллиону 750 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта мешавад.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафари аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин хоҳанд шуд.
Тибқи нақша, бинои Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни умумимилӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад, ки он туҳфаи арзишманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони Ҷамоати шаҳрак хоҳад буд.
Аз ин иқдоми созандаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Ҷамоати шаҳраки Навобод изҳори сипосу миннатдорӣ менамоянд, зеро онҳо то имрӯз дар биное кору фаъолият доранд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.
Воқеъан дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри фароҳам овардани шароити кору фаъолият дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат тадбирҳои муассир анҷом дода шудаанд, ки бешак ҳамаи ин аз сиёсати созандаву мувафақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.