Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд.
Хоҷагидорони ноҳияи Рашт баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ фаъолияти босамар доранд ва бо ин васила бозори истеъмолиро ғани мегардонанд.
Зимни шиносоӣ аз дастранҷи кишоварзон ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар ноҳия зиёда аз 3 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, дар ихтиёри онҳо 4 ҳазору 659 гектар, аз ҷумла 3 ҳазору 339 гектар заминҳои корами обӣ мавҷуд аст.
То имрӯз аллакай дар майдони 940 гектар ғалладонагиҳо, 602 гектар зироатҳои техникӣ, 291 гектар сабзавот ва як ҳазору 272 гектар картошка кишт шуда, ҳамзамон кишти дигар намуди зироатҳо дар ноҳия идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта аз майдони 2 ҳазору 8 гектар замин аз ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия 44 ҳазор 700 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд.
Агар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 4 ҳазору 650 гектар боғҳо мавҷуд бошад соли ҷорӣ дар майдони 70 гектар боғи нав бунёд карда шуд.
Боғпарварони ноҳияи Рашт соли гузашта, аз боғҳои мевадиҳанда 18 ҳазор тонна меваҳои шаҳдбор, ки дар бозори дохилӣ ва берун аз он харидорони зиёд доранд, истеҳсол намуданд.
Ҳамзамон бо шарофати меҳнати шабонарӯзии кишоварзон соли гузашта 10 ҳазору 715 тонна сабзавот истеҳсол гардид.
Дар ин намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка, каду, себ, меваҳои хушк, гелос, қулфинай, тут, зардолу, номгӯи зиёди гиёҳҳои шифобахш ва асали хушсифати истеҳсоли занбурпарварони ноҳия пешниҳод карда шуд.
Соҳаи занбуриасалпарварӣ дар баробари дигар бахшҳои кишоварзии ноҳия низ рӯ ба инкишоф аст.
Агар шумораи оилаҳои занбури асал соли 2013 дар ноҳияи Рашт тақрибан 18 ҳазор оиларо ташкил медод, имрӯз он ба 21 ҳазору 600 оила расонида шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо меҳнаткашони ноҳияи Рашт ба онҳо ҷиҳати истифода мақсадноки ҳар порча замини ҳосилхези ин ноҳияи кӯҳистон, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ҳама гуна маҳсулоти кишоварзӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.
Аҳли ҳунари ноҳия беш аз 20 намунаи ҳунарҳои миллиро, ки хусусан пас аз эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни аҳолӣ равнақу ривоҷ ёфтаанд, ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат аз гӯшаҳои намоишгоҳ боздид намуда, бо ҳунармандони ноҳия аз наздик суҳбат карданд.
Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, ширинӣ, хӯришҳои гуногун, санъати дастархонороӣ, гулдӯзӣ ва сару либоси миллӣ, ки хоси аҳолии ин минтақа мебошанд, ба тамошо гузошта шуданд. Ҳамчунин устоҳои моҳир дар ин намоишгоҳ санъати чӯбтароширо муаррифӣ намуда, намудҳои гуногуни гаҳвора, сандуқ ва дигар ҷиҳози рӯзгорро, ки бо санъати воло омода гардидаанд, ба намоиш гузоштанд. Дар ин ҷо ҳамчунин санъати нотакрори қошуқтарошӣ бо намоиши навъҳои гуногуни қошуқҳои аз чӯб омодашуда ба маърази дид гузошта шуданд.
Бонувони соҳибҳунари ноҳияи Рашт растаи либосҳои миллиро бо сару либоси занонаву мардонаи қадимии мардуми водии Рашт омода кардаанд. Ҳамзамон ҳунари кокулбофиву рафидадӯзӣ низ дар намоишгоҳ манзур гардид.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба эҳёи расму оин ва ҳунарҳои миллӣ боиси рушду равнақи навъҳои гуногуни ҳунарҳое гардид, ки бо таърихи мардуми ин минтақаи бастагӣ дорад ва хушбахтона имрӯз насли ҷавон ба омӯзиши онҳо машғул мебошад.
Дар намоишгоҳи мазкур ҳамчунин гӯшаи санъаткорони оилавӣ ташкил гардида, дар он аҳли ҳунари ноҳия маҳорату малакаи овозхонии худро муаррифӣ намуданд.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди нотакрори иштирокчиёни чорабинии мазкур баҳои баланд дода, ба онҳо тавсия доданд, ки ҳунари худро ба насли ҷавон омӯзонанд ва бо ин васила дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.
Ҳунармандону санъаткорон низ дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи зиёдашон нисбат ба рушду равнақи ҳунарҳои миллӣ, дастгирии ҳунармандон ва ҷоннок кардани тадбирҳо дар роҳи рушди санъату ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамзамон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Набот»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур асосан ба боғдорию кишоварзӣ машғул буда, феълан дар майдони 12 гектар боғ бунёд намудааст.
Зимни шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Набот» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар хоҷагии мазкур дар майдони қариб 25 гектар картошка, севуним гектар сабзавот ва севуним гектар ғалладонагиҳо кишт шуда, нашъунамои онҳо хуб ба назар мерасад.
Дар хоҷагии мазкур 72 нафар саҳмдор, ки 28 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд, фаъолият дошта, маоши хуб мегиранд.
Тавре зикр гардид, бахши дигари фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Набот»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум занбуриасалпарварӣ буда, феълан хоҷагии мазкур дорои 110 оила занбури асал мебошад ва ҳамасола ҳосили зиёд ба даст меорад.
Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ баҳри фаровонии дастурхон ва ғановати бозори дохилӣ бо анвои гуногуни маҳсулоти худӣ пурсамар меҳнат мекунанд.