Мулоқоти Сафир дар Теҳрон

26.07.2019 08:34

24 июли 2019 дар Теҳрон Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Утоқ и бозаргонӣ, саноат,  маъдан ва кишоварзии ин кишвар Ғуломҳусайн  Шофеӣ мулоқоти намуд.

Дар  мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷударо  барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ таъкид карданд. Ҷониби эронӣ омодагиашро барои мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон  изҳор намуд ва таҳкими робитаҳои бахши хусусии ду кишварро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард.

 Ҷиҳати муаррифии дастовардҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, ташвиқи сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Эрон баргузории намоишгоҳҳои тахассусии молу коло дар кишварҳои якдигар муҳим дониста шуд. Ҳамчунин тасмими ҷонибҳо барои омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки қарор аст дар охири соли ҷорӣ дар Теҳрон баргузор гардад, таъкид гардид.

foto.jpg

 

Нигористон

Тақвим