Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Кувайт

02.08.2019 18:40

30 июли 2019 Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Комил Сулаймон ал-Абдуҷамил Сафири Чумҳурии Точикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдуллоро ба ҳузур пазируфт.

Баррасии баргузор намудани Рӯзҳои фарҳангии Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ва табодули дастаҳои ҳунарӣ ҷиҳати муаррифии ҳунару санъати ду халқ дар кишварҳои ҳамдигар аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар мулоқот буданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои фарҳангӣ изҳори каноатмандӣ намуда, бар зарурати беш аз пеши тақвият ва густариши хамкорихо таъкид намуданд.

IMG-20190730-WA0014-1-02-08-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим