Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вакили Бундестаги Германия

06.08.2019 11:39

5 августи соли 2019 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода вакили Бундестаг, роҳбари гурӯҳи дӯстии “Германия ва Осиёи Марказӣ” Манфред Грундро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтҳарт Хёфер-Виссинг ва намояндагони Бунёди “Конрад Аденауэр” ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германияро муҳокима намуда, рағбати худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ изҳор доштанд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимом гуфтугӯи судманд намуданд.

0222222222222.jpg

Нигористон

Тақвим