Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи тиҷорат ва саноати Осака

04.08.2019 15:36

2 августи 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов дар рафти сафари корӣ ба шаҳри Осакаи Япония бо раиси Палатаи тиҷорат ва саноати Осака ҷаноби Ҳироши Озаки вохӯрӣ кард.

Дар мулоқот роҷеъ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилаи судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат ва саноат табодули назар сурат гирифт.

Ҳамзамон Сафир роҷеъ ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан оғози татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маълумот дода, аз доираҳои сармоягузор ва  соҳибкорони японӣ даъват намуд, дар қатори дигар сармоягузорони хориҷӣ, дар ин раванд саҳмгузор бошанд. 

Дар охир таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб барои таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд ҳавасманд мебошанд.

raisi-Palatai-savdo-va-sanoati-Osaka.jpg

 

Нигористон

Тақвим