6 августи 2019 дар Теҳрон Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон Муҳаммад Исломӣ мулоқот намуд .
Дар вохӯрӣ ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои ҳамлу нақл ва роҳсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақши татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ҷиҳати пайвастани ду кишвар аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ муҳим арзёбӣ гардид. Дар ин росто ҷонибҳо роҳандозии парвозҳо дар хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳадро омили мусбати рушди робитаҳои дуҷониба унвон карда, зарурати барқарории парвозҳоро миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид карданд. Ҳамчунин доир ба истифодаи имкониятҳои бандари Чобаҳор дар густариши содироту воридоти молу маҳсулот дар минтақа табодули назар сурат гирифт.