7 августи 2019 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Султонифар баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаи варзишро мавриди баррасӣ қарор доданд. Фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди муносибатҳо дар соҳаи варзиш, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони ҳар ду тараф, баргузории давраҳои таълимӣ-варзишӣ байни аъзои дастаҳои мунтахаби ду кишвар дар риштаҳои гуногуни варзиш, баргузор намудани намоишгоҳи муштараки молу маҳсулоти варзишӣ аз самтҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавӣ арзёбӣ гардиданд.