Сафари дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе ба дараи Арху

15.08.2019 14:08

10 августи 2019 бо ташаббуси КВД “Тоҷикдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дараи Арху сурат гирифт. Дар он сафар дипломатҳои хориҷиро Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ҳамроҳӣ намуд. Дараи зебоманзари Арху дар масофаи 75 км аз шаҳри Ваҳдат дар қисмати шарқии дараи Ромит дар баландии 1900 метр аз сатҳи баҳр  ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ Рӯди пок ҷорист, ки обаш софу зулол аст. Рӯди мазкур аз чашмаҳо  ва пиряхҳо  маншаъ мегирад. Минтақа бо кӯҳҳои зебои  сарбафалак, рустаниву ҷонварони нодир ва боду ҳавои софу беғубор бинандагонро мафтун мекунад.

Меҳмонони хориҷиро намояндагони шаҳрдории Ваҳдат дар Маҷмааи сайёҳии “Арху”, ки аз сӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 августи соли ҷорӣ ифтитоҳ гардида буд, пазироӣ намуданд. Барои меҳмонон намоиши фаровардаҳои ҳунарҳои мардумии маҳаллӣ, гиёҳҳои шифобахш, меваҳои тару хушки дараи мазкур созмон дода шуд. 

Кушода шудани маҷмааҳои сайёҳии замонавӣ ба мисли “Арху” дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  барои рушди бахши гардиштарӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб баҳри истироҳати гардиштарони дохилию хориҷӣ дар мавзеъҳои гуногуни хушманзари Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

2G3A8250-15-08-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим