16 августи 2019 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдарро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Покистон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.