20 августи соли 2019 дар Вазорати корҳои хориҷӣ маросими мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба лоиҳаҳои «Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар» (марҳилаи якум, корҳои лоиҳакашӣ) ва «Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар» (марҳилаи дуюм, корҳои сохтмонӣ) баргузор гардид.
Ёддоштҳои табодулӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока ба имзо расиданд.