Супоридани нусхаи эътимоднома

21.08.2019 13:12

21 августи соли 2019 Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.
Зимни мулоқоте, ки баъд аз маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия гуфтугӯи судманд намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ба Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн барои анҷоми рисолати дипломатиаш муваффақият орзу намуд.  

S7A6533.jpg

S7A6543.jpg

S7A6547.jpg

 

Нигористон

Тақвим