Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод

24.08.2019 11:28

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бинои Қасри фарҳангро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.

Масоҳати умумии замини бинои Қасри фарҳанг 3 ҳазору 200 метри мураббаъро ташкил дода, он дар муҳлати қариб 3 моҳ бо ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ пурра навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонда шуд.

Бино дуошёна буда, аз 9 толори омӯзишӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили драмма, сурудхонӣ, рубобнавозӣ, иттиҳоди дӯстдорони “Килки сабз” карнайнавозӣ, доиранавозӣ, шашмақом, рақс, шоҳмот, толори васеъ барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо 478 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, китобхонаи бачагона, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз шароити мавҷуда ва сӯҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг ба хусус ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои мушаххасро марҳила ба марҳила анҷом медиҳад, то фаъолият дар шароити хуб пурмасъул ва натиҷаовар сурат гирад.

Мавриди зикр аст, ки дар идомаи корҳои таъмиру навсозӣ дар назди Қасри фарҳанг ғайр аз 8 маҳфили амалкунанда боз се маҳфили нав – рассомӣ, шоҳмот ва китобхонаи электронӣ таъсис дода шудааст, ки барои омӯзиши ҳунари рассомӣ ва сайқал додани дониши наврасону ҷавонон макони мувофиқ аст.

Баъд аз навсозӣ ва таъсиси маҳфилҳо шумораи коргарон аз 12 ба 20 нафар ва иштирокдорони маҳфилҳо аз 80 ба 100 нафар расид.

Дар осорхонаи бино барои огоҳӣ пайдо кардани насли наврасу ҷавон аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик 2 ҳазор нигораи таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва расмҳо аз давраҳои гуногун нигоҳ дошта шудааст.

Деворҳо ва сутунпояҳои дохили бино бо нақшу нигори миллӣ хело зебо гачкорӣ карда шуда, барои фароғат ва сайругашти сокинон дар саҳни бино фаввораҳо ва чароғакҳои равшандиҳанда насб гардидааст.

Китобхонаҳои электронӣ ва бачагона, дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир буда, он бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва барои ҷавонону сокинон макони мусоиди илмомӯзӣ ба ҳисоб меравад.

Хотиррасон менамоем, ки бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Зафаробод ҳанӯз аз соли 1971 бунёд гардида, бо сабаби солҳои зиёд хизмат намудан, фарсуда ва ба таъмири асосӣ ниёз пайдо карда буд. Бинои мазкур дар партави дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистсон аз нав таҷдид гардид.

Дар толори бошукуҳи Қасри фарҳанг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳияро, ки таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолият буд, тамошо намуданд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ ба ҳунари волои санъаткорон, ки бештарашро ҷавонон ташкил медиҳад, баҳои баланд дода, барои рушди соҳа, ҷалб ва омодасозии кадрҳои болаёқат, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар ҳамин ҷо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳия асбобҳои мусиқӣ тақдим карда шуд.

48598262401-af2a38ca7c-o.jpg

 

Нигористон

Тақвим