Намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Дубай

27.08.2019 15:24

Дар ростои эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай дар ҳамкорӣ бо маркази  “Ателер Лантана” 25-28 августи соли 2019 дар бинои Анҷумани илм ва фарҳанги Дубай Намоишгоҳи санъат ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сокинон ва меҳмонони Дубай, намояндагони  корпуси дипломатӣ ва аҳли илму фарҳанги АМА иштирок доштанд

 Дар он намоишгоҳ ҳунару маҳорати рассомони тоҷик, нақшу нигораҳои ҳунармандон аз сангҳои гуногун, намунаҳои сӯзанӣ ва гулдӯзии чакан, кундал ва дигар фаровардаҳои ҳунармандони Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шуданд.

IMG-20190826-WA0009.jpg

IMG-20190826-WA0003.jpg

 

Нигористон

Тақвим