27 августи соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо Вазири сайёҳӣ, санъат ва фарҳанги Малайзия Датук Моҳамаддин Бин Кетапи баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои мутақобилан судманд, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни вазоратҳои дахлдори Тоҷикистону Малайзия ва инчунин роҷеъ ба имконияти сафари Вазири сайёҳӣ, санъат ва фарҳанги Малайзия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.