11 сентябри соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманнро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Германия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Андреас Протманн дар фаъолияти минбаъдаи касбиаш муваффақият таманно кард.