Сафари кории Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба шаҳри Минск

05.09.2019 16:33

3-4 сентябри 2019 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Минск дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Муқовимат ба терроризм бо истифода аз бархӯрдҳои навоварона ва фанновариҳои ҷадиду навзуҳур”, ки аз ҷониби  Дафтари СММ оид ба мубориза бо терроризм ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус танзим шуда буд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Муовини вазир ширкаткунандагонро бо иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ ва натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 16-17 майи 2019 дар Душанбе баргузор шуда буд, шинос намуд.

3333-12-09-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим