Таҷлили 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Саратови Федератсияи Русия

14.09.2019 15:35

Бо ташаббуси Консулгарии генералӣ ва Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Саратов 6 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Саратов чорабинии идона бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии идона шаҳрвандон, донишҷӯёни тоҷик, меҳмонон, аз ҷумла муовини Раиси думаи  вилояти Саратов Болякина О.В., вазири сиёсати дохилӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Трошина Н.В., вазири рушди иқтисоди вилоят Швакова Ю. А., роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар шаҳри Саратов Пустовая Н.В., роҳбари маорифи шаҳри Саратов Исаев М.А., раиси шӯрои кории Тоҷикистону-Русия дар назди Палатаи тиҷорату саноати Федератсия Русия директори генералии ҶСП «Трозла» Ключарев С.А., инчунин намояндагони ташкилоту идораҳо, устодони донишгоҳҳо ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар суханронии худ, Консули генералӣ Эмом С.Д. ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни пуршукӯҳ табрик намуда, аз давраҳои асосии ташаккули давлатдории тоҷикон, дастовардҳои кишварамон дар 28 соли соҳибистиқлолӣ ва обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ ёдовар шуд.

Дар идомаи барнома раисони чамъиятҳои тоҷикон, фаъолон ва донишҷӯёни шаҳри Саратов суханронӣ намуда, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карданд.

MG-3773-14-09-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим