17 сентябр дар шаҳри Варшава дар ҷаласаи кории ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ бахшида ба озодии баён, озодии ВАО ва иттилоот Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода суханронӣ кард.
Ӯ зимни суханронияш изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди ВАО-и озод ва мустақил таваҷҷуҳи вижа зоҳир мекунад ва имрӯз дар кишвар барои амалисозии фаъолияти ҳирфавии рӯзноманигорон ва рушди озодии сухан ва ВАО тамоми шароит муҳайё шудааст. Ба ҳозирин амалҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди шароити мусоид ҷиҳати таҳкими ҷойгоҳ ва нақши ВАО дар низоми муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ташаккули василаҳои танзими иттилоотӣ-ҳуқуқӣ ироа гашт.