Оғози мусобиқаи мини-футбол барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019

17.09.2019 19:01

Имруз дар Душанбе ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи Вазорат маросими ифтитоҳи мусобиқаи мини-футбол миёни дастаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019 баргузор гардид.

Нахуст Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам намуд. Сипас дуаени корпуси дипломатӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин–Фролов дар суханронии худ барои доир намудани чунин мусобиқаи варзишӣ аз номи намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон изҳори сипос намуд. 

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои сафоратҳои Афғонистон, ИМА, Қазоқистон, Украина, Ӯзбекистон, Покистон, Россия, Ҳиндустон, Эрон ва дастаҳои созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ду дастаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Мусобиқа ҳар рӯз аз 17 то 28 сентябри соли ҷорӣ аз соати 17:00 то 19:00 идома хоҳад ёфт.

2G3A0685-17-09-2019-00.jpg

 

Нигористон

Тақвим