Дидори Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Озарбойҷон

19.09.2019 14:45

19 сентябри 2019 Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Фавқулъода ва Мухтора Ҷумҳурии Озарбойҷон дар кишвари мо Ҳасан Мамадзодаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла раванди омодагӣ ба иҷлоси навбатии Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки қарор аст соли равон дар Душанбе баргузор гардад, баррасӣ шуданд.

PS7A7659-19-09-2019-1415.jpg

 

Нигористон

Тақвим