Дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии рақсу суруди миллӣ баргузор гардид

20.09.2019 19:05

Ба бузургдошти 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии кишвар 20 сентябри 2019 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев Ҷашнвораи байналмилалии рақсу суруди миллӣ баргузор гардид. 

Дар Ҷашнвораи байналмилалӣ дастаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санъаткорону ҳунармандони кишварҳои хориҷӣ рақсу сурудҳои миллии хешро пешкаши тамошогарон намуданд.

Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, кормандони вазорату идораҳо, инчунин сокинони пойтахт ва меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Њадаф аз баргузории Ҷашнвора – ошно намудани меҳмонони дохилию хориҷӣ бо фарњангу маданияти миллии кишварњои гуногун ва тавсеаи муносибатҳои дўстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни давлатҳо ва миллатҳои мухталиф мебошад.

2G3A1476-23-09-2019-0815.jpg

2G3A1530-23-09-2019-0815.jpg

 

Нигористон

Тақвим