20 сентябри 2019 дар Варшава дар ҷаласаи кории Ҳамоиши САҲА оид ба раводорӣ ва роҳ надодан ба табъиз роҳбари ҳайати Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода суханронӣ кард.
Ӯ дар бораи имкониятҳои баробар барои мардҳо ва занҳо, ҳамчунин ҷараёни татбиқи Нақшаи амалисозии САҲА оид ба пешбурди баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолияти занонро дар соҳаҳои ҷамъиятӣ дастгирӣ карда, батадриҷ амалисозии сиёсати гендериро мувофиқи тадбирҳо ва тавсияҳои СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ татбиқ менамояд.