Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо муовини Дабири кулли СММ

21.09.2019 12:14

20 сентябри 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмааи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Ҷенмин мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар робита ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», аз ҷумла тадорукот, ба Конфронси дуввуми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал мубодилаи афкор намуданд.

20190920-154739-21-09-2019-1215.jpg

 

Нигористон

Тақвим