23 сентябри 2019 дар Варшава дар ҷаласаи кории ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ бахшида ба ҳокимияти қонун, аз ҷумла истиқлолияти додгоҳӣ ва қабули демократии қонунҳо, роҳбари ҳайати Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода суханронӣ кард.
Ӯ қайд намуд, ки ҳокимияти додгоҳӣ дар Тоҷикистон мустақил мебошад.Дар рафти ҷаласа бандҳои асосии Барномаи ислоҳоти додгоҳию ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки қаблан дар ҷумҳурӣ қабул гардида буд, ба ҳозирин пешниҳод шуд.
Ҳамчунин Зариф Ализода таъмини кафолати истиқлолияти адвокатҳо аз ҷониби мақомоти давлатии Тоҷикистон ва маблағгузории фаъолияти адвокатҳо ҷиҳати ёрии ҳуқуқии ройгонро қайд намуд. Бо дарназардошти ин, Консепсия оид ба таъмини ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Барои шиносоӣ бо қонунҳои мавҷуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ дастрасии озодро ба воситаи интернет-портали иттилоотӣ-ҳуқуқӣ ба ҷомеъа пешкаш намуд.