25 сентябри 2019 дар Душанбе нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Марокаш зери роҳбарии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш Муния Буситта баргузор гардид.
Ҳайатҳои ду кишвар масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Марокаш дар заминаҳои гуногун ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор карданд. Дар ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.
Нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ бо имзои ду санад - Протокол дар бораи ҳамкорӣ ва машваратҳои дуҷониба байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш ва Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш ба поён расид.