Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Теҳрон

02.10.2019 13:00

30 сентябри соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи “Эспинос”-и  ш. Теҳрон бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Эрон пазироии расмӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти расмии кишвари будубош, аз ҷумла вакилони Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбарият ва масъулини вазорату идораҳои гуногун, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Теҳрон, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, расонаҳои хабарӣ ва ҳамватанон иштирок карданд.

Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар ҶИЭ Низомиддин Зоҳидӣ роҷеъ ба пешрафту дастовардҳо дар даврони Истиқлолият ва нақши мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлату давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва амну суботи фарогир дар кишвар, рушду пешрафти соҳаҳои мухталиф, ҳадафу барномаҳои стратегӣ ва раванди татбиқи онҳо ҳарф зад. Сафири кишвар ҳамчунин аз сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-и Пешвои миллат, ки татбиқи пайгиронаи он мӯҷиби густариши муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид, ёдовар шуда, мулоқоти Президентҳои Тоҷикистону Эронро дар Душанбе дар моҳи июни соли ҷорӣ барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ кард.

Вазири варзиш ва ҷавонони ҶИЭ Масъуди Султонифар аз номи давлат ва мардуми Эрон 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва забониро миёни ду кишвар заминаи мусоид барои таҳкими равобити гуногунҷанба миёни Эрону Тоҷикистон номид. Ӯ бо ишора ба натиҷаҳои  гуфтушунидҳои сатҳи олӣ миёни ду кишвар изҳори боварӣ кард, ки баргузории иҷлоси 13-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар охири соли ҷорӣ дар Теҳрон ба тақвияти ҳамкориҳои  дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.

Дар чорабинӣ наворҳо дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият ва табиату ҷозибаҳои сайёҳии кишвар намоиш дода шуда, ба ҳозирин таъомҳои гуногуни миллӣ пешниҳод гардиданд.

Таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Теҳрон, ки ҳадафи муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро дар масири Истиқлолият пайгирӣ мекард, бозтоби худро дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар пайдо кард.

aks-00115101-02-10-2019-1259.jpg

Нигористон

Тақвим