Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Камбоҷа 29 ноябри 1995 барқарор шудаанд.
Сафорати Шоҳигарии Камбоҷа дар Тоҷикистон бо иқомат дар Москва мебошад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Камбоҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби КИр Висет мебошад.
8 апрели 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия И.Сатторов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Камбоҷа К. Висет вохӯрӣ анҷом дод. Дар рафти вохӯрӣ мубодилаи афкор оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.
Аз 14 то 16 июни 2019 Сарвазири Камбоҷа ҷиҳати иштирок дар Панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи сафари мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон Сарвазирии Камбоҷаро ба ҳузур пазируфт.
Гардиши савдои хориҷии миёни кишварҳо дар соли 2018 ба 25,800 ҳазор доллари ИМА баробар шуд.