Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод

10.09.2019 08:40

Субҳи 10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти маданӣ-маишӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони сершумор, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони саодатманду ваҳдатсарои ноҳияи Муъминобод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза ва шукргузории комил аз ваҳдату суботи саросарӣ пазироӣ карданд.

Дар ин рӯз мардуми ноҳия барои истиқболи шоистаи Сарвари давлат омада, як барномаи дидании фарҳангиро, ки саршор аз меҳру муҳаббати меҳанпарастӣ буд, манзури ҳозирин гардониданд.

48711103901-df57919bcf-o-05-10-2019-1623.jpg

 

Нигористон

Тақвим