Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии БР СММ дар Тоҷикистон

07.10.2019 17:58

7 октябри соли 2019 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БР СММ)  дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва БР СММ дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таҷлили 25-солагии фаъолияти БР СММ дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои тадорукотӣ доир ба баргузории Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро, ки соли 2020 дар Душанбе дар назар аст, муҳокима намуданд.

PS7A9152-08-10-2019-0857.jpg

Нигористон

Тақвим