Машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия

11.10.2019 16:08

8 октябри 2019 дар Москва машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи муовини сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Шафозода ва мудири Идораи консулии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Иван Волинкин баргузор гардиданд.

Дар машваратҳои консулӣ тарафҳо мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои ба самти фаъолияти консулӣ марбутро баррасӣ намуданд.

Инчунин тарафҳо дар бораи иҷрои конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии имзогардида мубодилаи афкор намуда, аз сатҳи иҷрои онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар баробари ин қайд шуд, ки дар вазъи риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ду кишвар баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки барои бартараф намудани он камбудиҳо корро бо мақомоти дахлдор идома диҳанд.

Дар поёни машваратҳои консулӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим