9 октябри соли 2019 дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири корӽои хориҷии Ҷумӽурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва нақши калидии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар густариши муносибатҳои дуҷониба зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунчабҳа кушиш ба харҷ хоҳанд дод.