Дар муҳовараи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо, ки дар шумораи навбатии Маҷаллаи олмонии “Business & Diplomacy”ба табъ расид, ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои назарраси он дар солҳои охир ба қалам дода шудаанд.
Зимни муҳовара бо рӯзноманигор дар атрофи мавзӯъҳои мавқеи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, истиқлоли энергетикии Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи “энергияи сабз”, татбиқи саноатикунонӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, “300 рӯзи ислоҳот барои дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ”, инчунин дигар дастовардҳои Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Сафир дар робита ба воридшавии Тоҷикистон ба шохиси “20 кишвари ислоҳотгар” дар раддабандии Бонки ҷаҳонӣ Doing Businness 2020 аз доираҳои соҳибкории Олмон ва Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки аз шароити мусоид истифода бурда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд талош варзанд.